Саволҳо
1. "ТезСум" ЧИСТ?
"ТезСум" - хизматрасонии молиявии қулай аст, ки барои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ ва маҳсулоти гуногун, барои назорати хароҷот ва буҷаи худ имкон медихад. Барои истифода аз хизматрасонӣ, барои Шумо танҳо смартфони ба шабакаи интернет пайвастшуда лозим асту халос. Ҳамаи воситаҳо дар барномаи қулай ва функцсионалӣ дар системаи Android ва IOS ташкил карда шудаанд. Интернет трафик ҳангоми истифодабарӣ дар шабакаи Тселл тарофагузорӣ намешавад.
2. КӢ ИСТИФОДАБАРАНДАИ "ТезСум" ШУДА МЕТАВОНАД?
Аз хизматрасонии "ТезСум" муштарии дилхоҳ оператори алоқаи мобилӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат мерасонад, шуда метавонад. Барои ин боргирӣ намудани барномаи "ТезСум" аз PlayMarket ё AppStore зарур аст. Барои фаъолияти барнома, нусхаи ТБ смартфони Шумо бояд: Android 4.1 ва навтар; IOS 11 ва навтар бошад.
3. ЧИРО МАН МЕТАВОНАМ ПАРДОХТ НАМОЯМ?
"ТезСум" барои пардохти хизматрасонии коммуналӣ, инчунин: интернет, алоқаи мобилӣ, ТВ ва бисёр чизҳои дигар имкон медиҳад. Рӯйхат он қадар васеъ аст, ки онро хеле дароз метавон номбар кард, маҳз аз ин рў, барои роҳати истифодабарандагон, дар барномаи "ТезСум" каталоги содда ва фаҳмо, инчунин ҷустуҷӯ барои зудӣ пайдо намудани хизматрасонӣ тартиб дода шудааст.
4. ЧӢ ТАВР ПУРРА НАМОЯМ?
Дар шакли пули нақд. Барои роҳатӣ, дар барнома харитаи ҷойгиршавии идораҳои Тселл ва терминалҳо мавҷуд аст, ки дар онҳо Шумо метавонед тавозунро пур кунед ва аз имкониятҳои "ТезСум" бе маҳдудият истифода баред!
5. ОЁ ИН БЕХАТАР АСТ?
Шумо метавонед оиди амният ташвиш накашед. Барнома боэътимод бо рамзи махфии шахсӣ ҳифз карда шудааст, ки ҳеҷ кас намедонад. Ҳамаи амалиётҳои тариқи кортхои бонкӣ тавассути стандартҳои бехатарии бонк-шарик ҳимоя шудаанд. Инчунин дар боби "Таърих" Шумо метавонед ҳамаи амалиёти оид ба суратҳисобро назорат кунед, то ин, ки аз назар дур намонад. Дар бораи ҳар як амалиет мо Шуморо тариқи SMS-паём огоҳ мекунем ва агар Шумо шубҳае пайдо кунед, дарҳол ба мо занг занед. Мо доимо аз паи он ҳастем, ки ҷинояткорон ҳеҷ имконияти дастрасӣ ба хизматрасонӣ надошта бошанд.
6. БАРОИ ЧӢ СУРАТҲИСОБҲО ЛОЗИМАНД?
Бо "ТезСум" ҳисобҳоро барои пардохт пешниҳод кардан мумкин аст. Ҳисобҳо метавонанд аз тарафи дилхоҳ фурӯшандагони мол ва хизматрасонӣ пешниҳод карда шаванд. Ҳангоми пайдо шудани хоҳиши пардохти харид тариқи низоми "ТезСум", ҳисоби мазкур дар барнома пайдо мешавад.
7. БАРОИ ЧӢ «QR-и МАН» ВА «QR СКАНЕР» ЛОЗИМ АСТ?
Фурӯшандагон метавонанд ҳисобҳоро ба Шумо на танҳо тариқи рақами телефон, балки бо кӯмаки QR-рамзҳо низ пешниҳод кунанд, ки дорои маълумоти муҳим барои пардохт мебошанд. Барои Шумо танҳо аксбардорӣ (скан) намудани QR моли харидоришаванда, ё QR мағоза ва ворид намудани маблағи пардохт кофист, QR аксбардорӣ (сканер) дар барнома насб шудааст.
8. «ИНТИХОБШУДА» ЧИСТ ВА ЧӢ ТАВР ОНРО БОЯД ИСТИФОДА КАРД?
Шумо метавонед пардохтҳои хусусиро ба интихобшуда илова намоед, то ин, ки барои пардохт намудан ҳар бор суратҳисобро пур накунед. Масалан, вақте ки Шумо мехоҳед пардохти ҳармоҳаи хизматрасониҳои интернетро ворид намоед. Система маълумоти мазкурро боэътимод нигоҳ медорад, то ин ки барои Шумо бо худ гирифта гаштани суратҳисобе, ки бароятон аз хадамоти коммуналӣ меоранд, зарур наояд. Илова намудан ба интихобшуда хеле осон аст, вақте ки Шумо пардохт мекунед, пас аз интихоби таъминкунандаи хизматрасонӣ ва пур кардани тамоми шаклҳои зарурӣ, опсияи «илова ба интихобшударо» пайваст намоед ва номгуи нусхаи ояндаро ворид кунед, ки баротон бо осонӣ дарк намудани барои чӣ лозим будани ин нусха имкон медиҳад, Масалан: «пардохти интернети хонагӣ», «интернети волидон», «қувваи барқи хонаи берун аз шаҳр».
9. «ТАЪРИХ» ЧИРО НИГОҲ МЕДОРАД?
Ин воситаи қулай барои идоракунии молия мебошад. Дар фасли "Таърих" тамоми амалиётҳои Шумо ҷамъ оварда шудаанд. Пардохти хизматрасонӣ ва маҳсулот, пардохти суратҳисобҳои пешниҳодшуда, таърихи интиқол ва пуркунии Шумо. Ин дар барнома ҳар лаҳза дастрас аст.
10. ЧӢ ТАВР БОЯД ПАРДОХТРО БЕКОР КАРД?
Агар Шумо пардохтро ғалат анҷом диҳед, пас метавонед ба мо бо рақами +992 93 505 00 00 занг занед ва мо ҳадди фавран масъалаи Шуморо ҳал мекунем!
11. АГАР МАН SIM-КОРТАМРО ГУМ КУНАМ Ё РАҚАМАМРО ИВАЗ НАМОЯМ ЧӢ БОЯД КАРД?
Агар Шумо SIM-кортатонро гум кунед, ҳатман ба хадамоти дастгирии мизоҷон бо рақами +992 93 505 00 00 хабар расонед, ҳамёни Шумо баста мешавад, ва бораи амалиётҳои минбаъда ба Шумо дастур дода мешавад. Агар нияти иваз кардани рақами телефонро дошта бошед, пас баъд аз ивази рақам, Шуморо лозим меояд, дар хизматрасонӣ бори дигар аз қайд гузаред, ва ба Шумо хамёни нав пешниҳод мешавад.
12. АГАР МАН РАМЗИ МАХФИАМРО ФАРОМӮШ КУНАМ ЧӢ БОЯД КАРД?
Шумо ба осонӣ метавонед ба воситаи пахши тугмаи «рамзи махфиро фаромӯш кардам» ва гузаштани авторизатсия рамзи махфиатонро барқарор намоед.
13. АГАР МАН ТЕЛЕФОНАМРО ГУМ КУНАМ БОЯД ЧӢ КОР КУНАМ?
Аввалин амале, ки Шумо бояд анҷом диҳед, бояд ҳарчи зудтар ба маркази иттилоотӣ бо рақамҳои +992 93 505 00 00 занг занед ва дар ин бора хабар расонед, то ин, ки ҳисобро маҳкам намоянд.
14. МАН ПЕШНИҲОД ДОРАМ БА КУЧО ИРСОЛ НАМОЯМ?
Шумо барои рушди хизматрасонии мо ё ҷиҳати беҳгардонии он пешниҳод доред? Ба мо бо суроғаи: support@tezsum.tj нависед.
15. АГАР МАН БОЗ САВОЛ ДОШТА БОШАМ?
Занг занед, нависед! Дар «Танзимот» бандҳои – «Онлайн чат» е «Занг» ба хадамоти дастгирӣ мавҷуд аст. Шумо метавонед ҳар вақт ба мо бо ягон масъала оид ба хизматрасонӣ муроҷиат намоед. Агар Шумо аз месенҷери «Telegram» истиода баред, ба боти мо нависед .... ва мо ба Шумо дар ҳамон ҷо ҷавоб медиҳем.
Made on
Tilda