Шартномаи байни TezSum ва истифодабаранда
Қайдкунии TezSum
Хизматрасонии TezSum ба шахсони воқеӣ имконияти амалӣ гардонидани хизматрасониҳои молиявиро бо истифода аз ҳамёни электронӣ, ки маҳсулоти муштараки Tcell Тоҷикистон ва Нахустин бонки молиявии хурди Тоҷикистон мебошад ва аз ҷониби Нахустин бонки молиявии хурд ба қайд гирифта шудааст, фароҳам меоварад.



Хизматрасонии мазкур ба шумо имконият медиҳад:

Гузаронидани маблағ аз тавозуни мобилии шумо дар ширкати Tcell ба суратҳисоби шумо дар TezSum

Гузаронидани маблағ аз ҳамёни электронӣ ба Корти Миллӣ ва байни Кортҳои Миллӣ

Пардохт кардани ҳақи хизматрасониҳо, аз ҷумла алоқа, телевизиони тиҷоратӣ, қувваи барқ ва хизматрасониҳои дигар аз тавозуни ҳамён ё Корти Миллӣ.
Шартномаи байни TezSum ва истифодабаранда
Хуш омадед ба TezSum



Ҳамёни мобилӣи TezSum аз ду ҷузъҳои асосӣ иборат мебошад:

(1) Хизматрасонии TezSum ("Хизматрасонӣ") ва

(2) Суратҳисоби мобилии АБМХ ("Суратҳисоб")

Барои дохил шудан ба хизматрасонии Ҳамёни мобилӣи TezSum, шумо бояд шартҳои Шартномаи хизматрасонӣ (Шартнома дар бораи хизматрасонӣ) ва Шартнома дар бораи ҳамёни мобилӣ АБМХ («Шартнома дар бораи суратҳисоб») риоя кунед, ки онҳо дар ҳуҷҷати мазкур пешбинӣ шудаанд.

Шартнома дар бораи пешниҳоди хизматрасонӣ байни шумо ва ҶСП «Индиго Тоҷикистон» («Tcell») баста мешавад ва аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

- Қисмати 1 – шартҳое, ки ба Шартнома дар бораи хизматрасонӣ дахл доранд (чуноне, ки дар қисмати 1.1.1 пешбинӣ шудаанд);

- Қисмати 2 – шартҳои иловагие, ки ба Шартнома дар бораи хизматрасонӣ дахл доранд;

- Қисмати 4 - таснифот; дастурамали истифодабаранда ва рељаи пардохтњо.

Шартнома дар бораи суратњисоб байни шумов а Нахустин бонки молиявии хурд баста мешавад, ки аз ќисматњои зерин иборат аст:

- Ќисмати 1 – шартњо ва муќаррароте, ки ба Шартнома дар бораи суратњисоб дахл доранд (чуноне ки дар Ќисмати 1.1.1 пешбинї шудааст);

- Ќисмати 3 – шартњои иловагие, ки ба Шартнома дар бораи суратњисоб дахл доранд;

- Ќисмати 4 - таснифот; дастурамали истифодабаранда; рељаи пардохтњо.

Баќайдгирии шумов а истифодаи Хизматрасонї ва суратњисоб онро тасдиќ мекунад, ки шум обо шартњои њуљљати мазкур розї мебошед.

Пайвастшавии шумо ба хизматрасонињои алоќаи мобилии Tcell ва дилхоњ пардохтњо барои он, бо Барномаи М-њамёни Tcell ва суратњисоб вобаста нест ва онњо ба рўйхати тарофањо дохил карда нашудаанд.



ЌИСМАТИ 1. ШАРТ ВА МЎЊЛАТЊОИ ШАРТНОМА ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИЊО ВА/Ё ДАР БОРАИ СУРАТЊИСОБ



1.1 МАЪЛУМОТИ УМУМЇ

1.1.1 Муќаррарот ва шартњои дар Ќисмати 1 пешбинигардида, ки ба Шартнома дар бораи пешнињоди хизматрасонињои Tcell дахл доранд, байни шумо ва Tcell њамчун ќисмати Шартнома дар бораи пешнињоди хизматрасонињо ќабул мегарданд. Муќаррарот ва шартњои дар Ќисмати 1 пешбинигардида, ки ба Шартнома дар бораи суратњисоб ва/ё АБМХ дахл доранд, байни шумо ва АБМХ њамчун ќисмати Шартнома дар бораи суратњисоб, ќабул ва татбиќ карда мешаванд. Муќаррарот ва шартњое, ки дар Ќисмати 1 пешбинї шуданд ва ба ягон њуљљатњои зерин дахл надоранд:

- Шартнома дар бораи хизматрасонии Tcell ё

- Шартнома дар бораи суратњисоб ва/ё АБМХ,

Њам барои Шартнома дар бораи хизматрасонї ва њам барои Шартнома дар бораи суратњисоб, истифода бурда мешаванд.

1.2 Хизматрасонї ва Суратњисоб, функсияњо ва истифобараї

1.2.1 Пас аз он, ки шумо љараёни баќайдгириро дар TezSum анљом додед ва Хизматрасонї ва суратњисоб фаъол гаштанд, шумо метавонед додугирифтро тариќи наќд бо ташриф овардан ба Агент, амалї гардонед. Шумо инчунин метавонед амалиётњои дигари молиявиро бо телефонатон анљом дињед, аз љумла:

- интиќоли маблаѓ ба шахси дигар ё шахсе, ки дар барномаи TezSum ба ќайд гирифта шудааст;

- даќиќањоро аз рўи обунашавии шумо ба алоќаи мобилии Tcell, ба даст оред;

- тавозуни худро дар њисоби худ ва якчанд амалиётњои дигарро санљед.

Шумо дар бораи њама гуна функсияњои иловагие, ки метавонанд дар оянда њамчун ќисмати Хизматрасонї ва Суратњисоб пешнињод гарданд, хабардор гардед.



1.2.2 Шумо барои амалиётњое, ки бо истифода аз Хизматрасонї ва Суратисоб амалї гаштанд, љавобгар мебошед. Шумо бояд фавран амалиёти дар Аккаунти шумо љой додашударо аз назар гузаронед ва хадамоти ёрирасони Tcell-ро дар давоми 15 рўз аз лањзаи амалиёт дар бораи ягон хатогї ё мухолифат, огоњ намоед. Агар шумо амали мазкурро иљро накунед, шумо аз њуќуќи бањскунии амалиёт ё љуброн намудани њама гуна зарар аз љониби АБМХ ё Tcell, к ибо амалиёт вобастаанд (новобаста аз он, ки барои амалї гаштани онњо иљозати дахлдор буд ё не), мањрум мегардед ва на Tcell ва на АБМХ, дар назди шумо љавобгар намешаванд.

1.2.2 Шумо Хизматрасонї ва Суратњисобро тибќи ќонунњои амалкунанда ва супоришњои БМТ, истифода менамоед.



1.3 БАЌАЙДГИРЇ ВА ФАЪОЛГАРДОНИИ ХИЗМАТРАСОНЇ ВА СУРАТЊИСОБ

1.3.1 Шумо барои ба Хизматрасонї ва Суратњисоб танњо дар њолатњои зерин дохил шуда метавонед:

- Шумо муштарии фаъоли алоќаи мобилии Tcell њастед ва

- Синну соли шумо аз 18 боло аст.

1.3.2 Шумо метавонед дархостро барои фаъолгардонии Хизматрасонї ва Суратњисоб танњо барои як телефони мобилї, пешнињод кунед.

1.3.3 Бо пешнињод кардани дархост барои фаъолгардонии Химатрасонї ва Суратњисоб, шумо тасдиќ мекунед, ки шумо аз 18-сола боло њастед.

1.3.5 Tcell ва /ё АБМХ метавонанд аз шумо маълумоти иловагии шахсиро барои ќабули ќарор нисбати дархостатон, талаб кунанд. Tcell ва / ё АБМХ метавонанд дархости шуморо бо њар гуна сабабњо ва бо хоњиши Tcell ва / ё АБМХ, рад кунанд, аз љумла агар Tcell ё АБМХ нисбати тасдиќи шахсиятатон шубња дошта бошанд.

1.3.6 Тамоми маълумоте, ки шумо барои баќайдгирї ва дар ваќти истифодабарии њамешагии Хизматрасонї ва Суратњисоб ворид мекунед, бояд пурра ва аниќ бошад.



1.4 БЕХАТАРЇ, РОЗИГЇ, ИСТИФОДАБАРИИ ЃАЙРИЌОНУНЇ ВА ПЕШГИРИИ ЌАЛЛОБЇ

1.4.1 Шумо бояд њангоми баќайдгирї раќами махфии шахсии муайянкунандаи ('PIN-код)- худро дошта бошед. Ин ПИН-код барои истифодабарии Хизматрасонї ва Суратњисоб њатмї мебошад. Ин имзои электроние мебошад, ки шахсияти шуморо муайян карда, дархостњои шуморо тасдиќ мекунад ва мисли имзое, ки шумо дар шакли хаттї гузоштед, хизмат мекунад. Шумо наметавонед бе PIN-код ба барномаи мазкур ворид шавед.

1.4.2 Њар ваќте ки аз шумо ворид кардани раќами PIN-кодро талаб мекунанд, ба шумо 3 маротиба имконият дода мешавад, ки PIN-коди дурустро ворид кунед. Агар шумо PIN-коди нодурустро бори сеюм ворид кунед, Хизматрасонї ва Суратњисоб ќатъ карда мешаванд.

1.4.3 Tcell ва АБМХ PIN-кодро дар њолати зангњои шумо ба хадамоти ёрирасони TezSum, пешнињоди саволњои вобаста бо муайянкунии шахсият ва/ё почтаи овозї барои тасдиќ кардани шахсиятатон, талаб мекунанд. Чунин усул ба Tcell ва АБМХ розигии шуморо барои иљроиши дархостњои шумо, аз љумла аз њисоб баровардани маблаѓ аз Суратњисоби шумо, медињад. Супоришњои хаттї лозим намегарданд.

1.4.4 Шумо барои махфї нигоњ доштани PIN-кодатон љавобгар њастед. Шумо набояд ПИН-коди худро ба ягон каси дигар, аз љумла ба Агентњо, Tcell ё АБМХ, дињед ва набояд онро дар ягон њуљљат нависе два дар телефони мобилии худ нигоњ доред. Шумо бояд њатман PIN-коди худро аз чашми њамагон эмин нигоњ доред.

1.4.5 Шумо ва Tcell. Муоширати телефонии шум обо истифода аз TezSum Customer Care метавонанд санљиш ё сабт карда шаванд, то ин ки иљрооиши дархостњои шумов а нигоњдории сатњи хизматрасонии муштариён, кафолат дода шавад.

1.4.6 Шумо, Tcell ва АБМХ ба таври дахлдор эътимоднокї, пуррагї ва арзиши далелии маълумоти дар хабарњо ва њуљљатњои электронї мављудбударо тасдиќ мекунед. Хабару маълумоти электроние, ки дар ваќти гузаронидани амалиёт мубодила мегарданд, далели амалї гаштани чунин амалиёт шуда метавонанд. Tcell ин маълумотро барои маќсадњои баќадгирї, тибќи талаботњои ќонунгузорї, нигоњ медорад.

1.4.7 Агар шумо ягон ваќт шубња мекунед ё аниќ донед, ки телефони мобилии шумо ё ПИН-код аз кор баромадаанд ё онњоро дуздиданд ва барзидди шумо истифода мебаранд, ё ин ки Хизматрасонї ва Суратњисоб бе розигии шумо истифода бурда мешаванд, шумо бояд фавран ба хадамоти ёрирасони муштариёни TezSum занг занед. Шумо барои амалиёте, ки бо истифодабарии Хизматрасонї ва Суратњисоб иљро шуданд, то он лањзае, ки шумо дар бораи ин хадамоти ёрирасони TezSum огоњ кардед, љавобгар мебошед.

1.4.8. Шумо розї мешавед, ки Хизматрасонї ва Суратњисобро барои пардохти мањсулотњои ѓайриќонунї ё хизматрасонињои дигари ѓайриќонунї ва ќаллобї, истифода намебаред.

1.4.9 Шумо розї мешавед, ки ба таври дахлдор дар њама гуна тафтишоти вобаста бо фаъолияти ѓайриќонунї ё ќаллобї, ки дар он Хизматрасонї ва Суратњисоб истифода бурда шудаанд, њамкорї кунед.

1.4.10 Шумо розї мешавед, ки Tcell ва / ё АБМХ шахсият ва њолати ќаллобиро тафтиш кунанд ва маълумотеро, ки бо дархости шумо алоќаманд аст, ба милитсияи Тољикистон ё ягон сохтори дигари дахлдор дар соњаи пешгирии ќаллобї ва таъмини амният, пешнињод кунед.

1.4.11 Шумо розї мешавед, ки Tcell ва /ё АБМХ маълумоти пурраро вобаста бо истифодабарии Хизматрасонї аз љониби шумо, ба милитсияи Тољикистон ё сохтори дигари дахлдор дар соњаи пешгирии ќаллобї ва таъмини амният, пешнињод кунанд, чунки дар акси њол Tcell метавонад ба ќароре ояд, ки хизматрасонињои он барои маќсадњои дигар истифода бурда мешаванд.

1.4.12 Шумо мефањмед ва розї њастед, ки сабти чунин ќарор барои кормандони милитсияи Тољикистон ва сохторњои дигари пешгирии ќаллобї ва таъмини амният дастрас мегардад ва онњо метавонанд номи шумо ва маълумоти дигарро аз санљиш гузаронанд.



1.5 TezSum МУНОСИБАТ БО МУШТАРИЕН

1.5.1 Агар шумо ягон савол, пешнињод ё арзу шикоят вобаста бо барномаи TezSum, Хизматед бо Хадамоти ёрирасони TezSum бо раќами дар Дастурамали истифодабаранда нишон додашуда, ба тамос бароед. Шумо инчунин метавонед бо хадамоти ёрирасони TezSum, дар њолатњои зерин ба тамос бароед:

• санљидани дуруст нишон додани шахсият ва дар куљо будани Агент ва эътимоднокии ин Агентњо;

Муносибати корї бо АБМХ;

• Ба Tcell ва АБМХ хабар додани иваз гардидани маълумоти шахсии шумо; ва ё

• Ба Tcell ва АБМХ хабар додани масъалањои дигари вобаста бо Хизматрасонї ва Суратњисоб.



1.6 АНДОЗ ВА БОЉЊО

1.6.1. Шумо розї мешавед, ки барои истифодабарии Хизматрасонї ва Суратњисоб бољу андозњоеро, ки дар Рўйхати тарофањо пешбинї шудаанд, ки он дар љои Агент гузошта шудааст ё тарофањое, ки аз љониби Tcell ё АБМХ пешнињод мегарданд, пардохт намоед.

1.6.2 Бољњо метавонанд андозњои ќобили ќабул бударо дар бар дошта бошанд. Тибќи ќонуну ќоидањои љойдошта, шумо метавонед Tcell ва /ё АБМХ-ро вазифадор кунед, ки аз номи раёсати андози дахлдор, њама гуна андозњоеро, ки интиќол мегарданд, љамъ кунад. Бољу андозњо (аз љумла андозњо) тариќи ба таври автоматикї аз њисоб баровардани маблаѓ аз Суратњисоб, пардохт карда мешаванд.



1.7 МАСЪУЛИЯТ

1.7.1 Шумо розї мешавед, ки Tcell ва АБМХ ва инчунин филиалњои онњо, шахсони мансабдор, директорон, кормандон ва агентњоро аз њама гуна арзњо вобаста бо зарари молиявї, ки бо сабабњои зерин ба амал омаданд, аз љавобгарї озод кунед:

• зараре, ки дар натиљаи аз љониби шумо риоя нагардидани шартњои Шартнома дар бораи хизматрасонї ва/ё Шартнома дар бораи Суратхисоб ба амал омад ва /ё

• дар натиљаи њолати дигари бо истифодабарии Хизматрасонї ва Суратњисоб аз љониби шумо, алоќамандбуда.



1.8 МАЊДУДИЯТИ ЉАВОБГАРЇ

1.8.1 Шумо эътироф мекунед ва розї њастед, ки на Tcell ва на АБМХ барои холатњои зерин љавобгар нестанд:

- аз љониби ягон шахс пешнињод накардан ё бо таъхир пешнињод кардани молу хизматрасонињо ё пешнињод кардани молу хизматрасонињои пастсифате, ки шумо тариќи истифодабарии Хизматрасонї ва Суратњисоб ба даст меоред;

-Зараре, ки дар натиљаи хатогии шумо, аз љумла фош кардан ё нодуруст нигоњ доштани PIN-код ё ба таври дахлдор риоя нагаштани шартњои шартнома дар бораи хизматрасонї ва Шартнома дар бораи Суратњисоб, ба амал омад;

- Аз љониби TezSum рад шудани пардохти њаќќи молу хизматрасонї, ки метавонад бо TezSum алоќаманд бошад ё алоќаманд набошад;

- Аз љониби Tcell ва /ё АБМХ рад шудани иљроиши амалиёти шумо, агар Хизматрасонї ва Суратњисоб ѓайрифаъол гаштанд, норасогии маблаѓ мушоњида мешавад ё бо ягон сабаби дигаре, ки мувофиќи маќсад шуморида шуд;

- њама гуна бањсе, ки байни шумо ва шахсони дигари воќеї ва њуќуќї бармехезанд (аз љумла бо тањвилгарони молу хизматрасонї), новобаста аз он, ки оё чунин бањс бо TezSum алоќаманд аст ё не (њама гуна бањсњо бояд бевосита байни шумов а шахси воќеї ё њуќуќї њал карда шавад);

- њама гуна зараре, ки дар натиљаи иљро нагаштани дархостњои шумо ё ба таври нодуруст иљро гаштани супоришњои шумо бо сабабе, ки аз Tcell ё АБМХ вобаста нест, ба амал меоянд;

- њар гуна зараре, ки дар натиљаи рад шудани амалиёти супориши ќарзї, ки пеш аз мўњлати 30-рўза, ки дар ќисмати 1.11.4 пешбинї шудааст, ба амал меоянд;

- њар гуна дуздї, гум шудан ё зарар дидани телефони мобилии шумо; ё ин ки

- њар гуна зараре, ки дар натиљаи ќасдан ё тасодуфан пешнињод кардани маълумоти нодуруст аз љониби шумов а љой додани он дар ќисмати Хизматрасонї ё Суратњисоб, пайдо шудааст.

1.8.2 Агар Tcell ва /ё АБМХ барои зарар дидани шумо вобаста бо Хизмарасонї ё Суратњисоб љавобгар бошад, чунин љавобгарї бояд бо пардохти маблаѓи амалиёти бањсие, ки шумо нисбати он арз кардед, мањдуд мешавад.

1.8.3 АБМХ ДАР ЯГОН ЊОЛАТ БАРОИ ЗАРАРИ ТАСОДУФЇ Ё ДИГАР НАМУДИ ЗАРАР, ЉАВОБГАР НАМЕБОШАД.

1.9 САРКАШЇ АЗ ЉАВОБГАРЇ



1.9.1 ХИЗМАТРАСОНЇ ВА СУРАТЊИСОБ БАРОИ ШУМО ДАР ЊОЛАТИ «ЧИ ХЕЛЕ КИ ЊАСТ» ВА «ЧИ ХЕЛЕ КИ ДАСТРАС АСТ», ПЕШНИЊОД МЕГАРДАД. ЊАМ TCELL ВА ЊАМ АБМХ АЗ ЊАМА ГУНА КАФОЛАТ ВА ШАРТО ДАСТ МЕКАШАД, НОВОБАСТА АЗ ОН, КИ ЊАР ГУНА АМАЛИЁТ ДАР ЧАОРЧЎБИ МЎЊЛАТИ МУАЙЯНГАРДИДА ИЉРО ШУДААСТ.



1.10 МЎЊЛАТ

1.10.1 Шартнома дар бораи пешнињоди хизматрасонї ва Шартнома дар бораи суратњисоб пас аз фаъол гаштани Хизматрасонї ва Суратњисоб ќувваи ќонунии худро пайдо карда, тўли мўњлати номуайян эътибор доранд, ба истиснои њолате, ки Шартнома тибќи шартњои њуљљати мазкур, ќатъ шуда бошад.



1.11 МУВАЌЌАТАН Ё БА ПУРРАГЇ ЌАТЪ ШУДАНИ ХИМАТРАСОНЇ ВА СУРАТЊИСОБ

1.11.1 Tcell метавонад дар њолатњои зерин хизматрасониро мањдуд, мавќуф ё ќатъ намояд ва АБМХ метавонад чунин амалро нисбати Суратњисоб, бо пешакї огоњ кардани шумо ё адо кардани љавобгарї назди шумо, раво бинад:

- Шумо, Tcell ё АБМХ фикр мекунед, ки шумо Шартномаро дар бораи хизматрасонї ва Шартномаро дар бораи Суратњисоб вайрон карда истодаед;

- Шумо кўшиш доред системаи Tcell ё АБМХ-ро барои ягон амал маљбур созед ё ба Хизматрасонї ё Суратњисоб ягон таѓйиротњои худро ворид сохтанї њастед;

- Tcell ё АБМХ медонанд ё шубња мекунанд, ки шумо ё шахси сеюми салоњиятдор ё салоњият надошта, Хизматрасонї ё Суратњисобро барои амалї гардонидани маќсад ё амалњои ѓайриќонунї ё ќаллобї истифода мебаред ва дар ин њолат Tcell ё АБМХ бояд амали мазкурро бо риояи ќонунгузории љорї, иљро намоянд;

- Маълумоте, ки шумо ба Tcell ё АБМХ пешнињод кардед, нодуруст аст ё аниќ нест;

- Ҳар гуна хизматрасоние, ки аз ҷониби таҳвилгари дигари хизматрасонӣ, ки аз ӯ Хизматрасонӣ ва Суратҳисоб вобаста аст, қатъ мегардад ва он қобили ивазкунӣ нест;

- дар ҳисоби шумо маблағи кофӣ нест;

- Шумо пайвастшавиро ба химзатрасонии алоқаи мобилии Tcell, қатъ мекунед;

- Пайвастшавии шумо ба алоқаи мобилӣ дар давоми навад (90) рӯз ғайрифаъол аст, ё ин ки тибқи муқаррароти Шартномаи шумо барои пешниҳоди хизматрасонии алоқаи мобилии Tcell қатъ шуд; ё ин ки

- Шумо ягон амалиётро дар Суратҳисобатон дар давоми дувоздаҳ (12) моҳ иҷро накардед. Дар ин ҳолат, Tcell ё АБМХ шуморо 15 рӯз пеш то амалӣ кардани ин амалиёт, огоҳ менамояд.

1.11.2 Агар Хизматрасонӣ ва Суратҳисоби шумо маҳдуд, ғайрифаъол, боздошт ё қатъ карда шудаанд, чуноне ки дар қисмати 1.11.1 пешбинӣ шудааст, маълумот дар бораи Суратҳисоб ҳамчун суратҳисоби ғайрифаъол дар системаи Tcell ва АБМХ, нишон дода мешавад.

1.11.3 Шумо метавонед амали Хизматрасонӣ ва Суратҳисобро бо роҳи ба тамос баромадан бо Хадамоти ёрирасони TezSum, қатъ кунед. Шумо барои тамоми амалиёт ва пардохтҳое, ки пеш аз қатъ кардани хизматрасонӣ ва суратҳисоб ба амал омада буданд, ҷавобгар ҳастед. Дархости шумо барои қатъ кардани истифодабарии Хизматрасонӣ ва Суратҳисоб, пас аз муроҷиати шумо ба Хадамоти ёрирасони TezSum, эътибор пайдо мекунад.

1.11.4 Агар Хизматрасонӣ ва Суратҳисоб маҳдуд, ғайрифаъол, боздошт ё қатъ карда шаванд, чуноне ки дар қисмати 1.11.1 нишон дода шудааст, шумо бояд боварӣ ҳосил кунед, ки ҳамаи супоришҳои қарзии бо Суратҳисоб алоқамандбуда, дар давоми 30 рӯз хориҷ карда шуданд, чунки ин супоришҳо баъдан қатъ карда мешаванд. Ба ибораи дигар, агар тавозуни ҳисоби Шумо ҳанӯз мусбат бошад, шумо бояд дар давоми 30 рӯзи охир Суратҳисоби худро тоза кунед.



1.12 ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО

1.12.1 Тибқи қисмати 1.12.2, Tcell метавонад Шартномаро дар бораи пешниҳоди хизматрасонӣ ва Суратҳисоб (аз ҷумла ҷадвали пардохтҳо) тағйир диҳад ва АБМХ метавонад Шартномаро дар бораи Суратҳисоб (аз ҷумла ҷадвали пардохтҳо) ва ё хизматрасони ё суратҳисоб, бо огоҳ кардани шумо на камтар аз 30 рӯз пеш, тағйир диҳад. Агар шумо истифодабарии Хизматрасонӣ ва Суратҳисобро пас аз қабули огоҳнома давом додан гиреж, ин маънои онро дорад, ки шум обо тағйиротҳо розӣ ҳастед ва бо онҳо алоқаманд мегардед.

1.12.2 Новобаста аз муқаррароти қисмати 1.12.1, Tcell ва АБМХ метавонанд баъзан бе огоҳкунӣ ба шумо амалиёт ё маҳдудиятҳои дигарро вобаста бо Хизматрасонӣ ва Суратҳисоб, тибқи тавсияҳои БМТ ва қонунгузории амалкунанда, пешниҳод намоянд.



1.13 МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

1.13.1 Ҳамаи ҳуқуқҳо, тамғаҳои молӣ, тамғаҳои хизматрасонӣ, логотипҳо ва дигар ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ вобаста ба Хизматрасонӣ, Суратҳисоб ё ҳуҷҷатҳои Тcell ё АБМХ мавҷуданд, моликияти Tcell ё АБМХ ба шумор мераванд. Шумо розӣ мешавед, ки шумо ягон ҳуқуқи истифодабарӣ ё чунин тамғаҳои тиҷорӣ, логотипҳои хидматрасонӣ ё дигар моликияти зеҳниро аз худ намекунед.



1.14 ТАЪИНОТ

1.14.1 Tcell метавонад ягон вақт пурра ё қисман ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро вобаста бо Шартнома дар бораи пешниҳоди хизматрасонӣ, бе розигии шумо, бидиҳад. Ба шумо дар бораи чунин таъинот, огоҳнома пешниҳод карда мешавад. Шумо наметавонед қисман ё пурра ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро вобаста бо Шартнома дар бораи пешниҳоди хизматрасонӣ, бе розигии пешакии хаттии Tcell, ба шахси дигар гузоред.

1.14.2 АБМХ метавонад ягон вақт пурра ё қисман ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро вобаста бо Шартнома дар бораи суратҳисоб, бе розигии шумо, бидиҳад. Ба шумо дар бораи чунин таъинот, огоҳнома пешниҳод карда мешавад. Шумо наметавонед қисман ё пурра ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро вобаста бо Шартнома дар суратҳисоб, бе розигии пешакии хаттии АБМХ, ба шахси дигар гузоред.



1.15 РАДКУНӢ

1.15.1 Иҷро нагаштани талаботи ӯҳдадориҳои тибқи Шартнома дар бораи хизматрасонӣ ба зима гирифташуда аз ҷониби Tcell ҳамчун радкунии ягон ҳуқуқу воситаҳои ҳифзи ҳуқуқ вобаста бо Шартномаи мазкур ҳисобида намешавад ва ба амали Шартнома дар бораи пешниҳоди хизматрасонӣ ё ягон қисмати он, таъсир намерасонад.

1.15.2 Ноқобилии иҷроиши ягон ӯҳдадорӣ ё риояи муқаррароти Шартнома дар бораи Суратҳисоб ҳеҷ гоҳ ҳамчун радкунӣ аз ҳуқуқу воситаҳои ҳифзи ҳуқуқ вобаста бо Шартнома дар бораи Суратҳисоб ё ягон қисмати он, шуморида намешавад.

1.15.3 Ягон радкунӣ, агар дар шакли хаттӣ омода карда нашавад, қобили қабул нест ва радкунӣ аз вайрон гардидани муқаррароти Шартнома дар бораи хизматрасонӣ ё Шартнома дар бораи Суратисоб ҳамчун радкунӣ аз хатогиҳои пештара ё оянда, ҳисобида намешавад.



1.16 БЕЭЪТИБОРИИ НОПУРРА

1.16.1. Агар як ё якчанд муқаррароти Шартнома дар бораи пешниҳоди хизматрасонӣ ё Шартнома дар бораи Суратҳисоб беэътибор ё ғайриқонунӣ шинохта шаванд, амали мазкур набояд ба эътиборнокӣ ва қонунӣ будани дигар муқаррароти дар ҳуҷҷати мазкур пешбинигардида, таъсир расонад.



1.17 ОГОҲНОМА

1.17.1 Суроғаи охироне, ки шумо ба Tcell ва АБМХ равон мекунед, суроғаи интихобгардидаи шумо ба ҳисоб меравад, ки ба он метавонед огоҳномаро равон кунед. Шумо бояд фавран Tcell ва АБМХ-ро дар шӯъбаи хизматрасонии муштариёни TezSum, дар бораи иваз шудани суроғаи воқеӣ, почта ва почтаи электронӣ ё рақами телефони мобилӣ, огоҳ намоед.

1.17.2 Ҳар гуна огоҳномаи ҳуқуқӣ аз шумо ба Tcell, бояд ба суроғаи Tcell, ки дар қисмати 4 (Таснифот)-и Шартномаи мазкур дар бораи пешниҳоди хизматрасониҳо нишон дода шудааст, равон карда шавад. Ҳар гуна огоҳномаи ҳуқуқӣ аз ҷониби шумо ба АБМХ, бояд ба суроғаи дар қисмати 4 (Таснифот)-и Шартнома дар бораи хизматрасонӣ нишон додашуда, равон карда шавад.

1.17.3 Чуноне ки дар қисмати 1.5 (Хизматрасонии муштариёни TezSum) пешбинӣ шудааст, шумо метавонед ба хадамоти ёрирасони муштариёни TezSum, барои муҳокима намудани масъалаҳои вобаста бо Хизматрасонӣ ва Суратҳисоб, муроҷиат намоед.

1.17.4 Tcell ва / ё АБМХ метавонанд бо шумо бо роҳҳои зерин, ба тамос бароянд:

- бо ёрии SMS ё дигар намуди хабар ба телефони мобилии шумо;

- бо роҳи ҷой додани огоҳнома дар ҷои Агент.

- тариқи реклама дар воситаҳои ахбори оммаи миллӣ ва ё

- нашр кардани огоҳнома дар сомонаи TezSum, ки истинод ба он, дар Дастурамали истифодабаранда, нишон дода шудааст.



1.18 ҲУҚУҚИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СУДӢ ВА ҚОНУНГУЗОРИИ ҶОРӢ

1.18.1 Шартнома дар бораи хизматрасонӣ ва Шартнома дар бораи Суратҳисоб, тибқи қонунгузории Тоҷикистон танзим ва тафсир карда мешаванд. Истифодабарии Хизматрасонӣ ва Суратҳисоб ҳамеша ба маҳдудиятҳои қонунӣ, муқаррарот, тартибот ва дастурамале, ки аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон ё ягон мақомоти дигари давлатӣ муқаррар мегарданд, итоат мекунад.



ҚИСМАТИ 2. ШАРТҲОИ ИЛОВАГӢ – ШАРТНОМА ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНӢ



2.1 МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

2.1.1 Илова бар муқаррароти Қисмати 1, муқаррароти Қисмати 2 низ байни шумо ва Tcell истифода бурда мешаванд ва ҳамчун қисмати Шартнома дар бораи хизматрасонӣ, ҳисобида мешавад.



2.2 НАРХ БАРОИ ОБУНАШАВИИ МОБИЛӢ

2.2.1 Чуноне ки дар қисмати «Хуш омадед ба TezSum»-и ҳуҷҷати мазкур оварда шудааст, ҳама гуна пардохтҳои бо обунашавии шумо ба Tcell алоқамандбуда, пурра аз барномаи TezSum, Хизматрасонӣ ва Суратҳисоб ҷудо мебошанд ва ба Рӯйхати пардохтҳо дохил нашудаанд. Шумо эътироф мекунед ва розӣ ҳастед, ки Tcell метавонад аз шумо пардохтро вобаста бо пешниҳоди хизматрасонӣ тибқи обунашавӣ ба Tcell, талаб кунад.



2.3 ДАСТРАС БУДАНИ ХИЗМАТРАСОНӢ

2.3.1 Тибқи қоида, хизматрасонӣ дар давоми 7 рӯз ва 24 соат дастрас мебошад, лекин дастрасӣ аз таъминкунандагони техникии дигар низ баъзан вобаста мебошад. Хизматрасонӣ метавонад бо сабаби ворид кардани навгонӣ, нусхакунии захиравӣ, хизматрасонии техникӣ ё дастрас набудани шабакаи алоқаи истифода шаванда, дастрас нагардад. Чунин ҳолат илова бар он аз мушкилот ё ба таъхир афтодани алоқаи мобилӣ дар телефонҳои мобилӣ, Интернет ё терминал, ё ин ки шабакаҳои барои амалиёт истифодашаванда дар нуқтаҳои фурӯш, вобаста мебошад. Аз ин рӯ, шумо эътироф мекунед ва розӣ ҳастед, ки дастрасии ҳамешагии Хизматрасонӣ кафолат дода намешавад.



2.4 МАХФИЯТ

2.4.1 Шумо розӣ мешавед, ки Tcell маълумотеро, ки шумо барои мақсадҳои зерин пешниҳод мекунед, истифода мебарад ва онро фош мекунад:

- тасдиқи шахсияти шумо;

- насб ва пешниҳоди Хизматрасонӣ;

- риояи талаботҳои ҳуқуқӣ ва меъёрӣ;

- пешгирӣ ё ошкоркунии қаллобӣ ё фаъолияти ҷиноӣ ё идоракунӣ ва ба танзимдарории ҳама гуна талафоти воқеӣ ё эҳтимолӣ вобаста бо қаллобӣ ё фаъолияти ҷиноӣ.

2.4.2 Шумо инчунин барои фош кардани маълумот ба таҳвилгарони дигари хизматрасонӣ, ки барои пешниҳоди Хизматрасонӣ истифода бурда мешаванд, розӣ мешавед. Баъзе аз таҳвилгарони хизматрасонӣ метавонанд аз ҳудуди Тоҷикистон берун бошанд ва маълумоти шумо метавонад берун аз кишвар коркард шавад ва ба қонунҳои кишварҳои дигар итоат кунад.

2.4.3 Tcell метавонад маълумоти шуморо то он лаҳзае, ки зарур аст, нигоҳ дорад, ҳатто агар шумо аллакай аз истифодабарии Хизматрасонӣ даст кашидед.



Қисмати 3. ШАРТҲОИ ИЛОВАГӢ – ШАРТНОМА ДАР БОРАИ СУРАТҲИСОБ



3.1 МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

3.1.1 Илова бар муқаррароти Қисмати 1, муқаррароти Қисмати 3 низ байни шумо ва АБМХ истифода бурда мешаванд ва ҳамчун қисмати Шартнома дар бораи Суратҳисоб, ҳисобида мешавад.

3.2 ФИЛИАЛҲОИ АБМХ МАКОНИ ХИЗМАТРАСОНИИ СУРАТҲИСОБ НЕСТАНД

3.2.1 Филиалҳои АБМХ ё сохторҳои зертобеи мо маконҳои хизматрасонии Суратҳисоб нестанд. Дастгирии Суратҳисоб танҳо бо усулҳои дар ҳуҷҷати мазкур пешбинигардида, дастрас мегардад. Он аз амалҳои зерин иборат аст:

- Барои гузаронидани амалиёти нақд, шумо бояд ба назди агент ташриф оред.

- Амалиёти ғайр аз қабул ва равон кардани пули нақд, метавонад бо ёрии телефони мобилии шумо иҷро карда шаванд.

- Оид ба ҳама гуна саволҳо, пешниҳодҳо ва арзу шикоятҳо вобаста бо барномаи TezSum, Хизматрасонӣ ё Суратҳисоби шумо, шумо метавонед ба Хадамоти ёрирасони TezSum, муроҷиат кунед.



3.3 ДАР СУРАТҲИСОБ ФОИЗ НЕСТ

3.3.1. Шумо розӣ мешавед, ки ба маблағи дар Суратҳисоби шумо мавҷудбуда, фоиз ҳисоб карда намешавад.



3.4 ПАРДОХТИ МАНФӢ ДАР ТАВОЗУН

3.4.1 Агар дар Суратҳисоби шумо пас аз амалиёти аз ҷониби шумо иҷрошуда тавозуни манфӣ пайдо шавад, шумо розӣ мешавед, ки маблағи тавозуни манфиро ба АБМХ дар давоми 10 рӯз пас аз чунин амалиёт, баргардонед.



3.5 МАХФИЯТ

3.5.1. Шумо розӣ мешавед, ки АБМХ маълумотеро, ки шумо барои мақсадҳои зерин пешниҳод мекунед, ҷамъ, истифода ва фош мекунад:

- тасдиқи шахсияти шумо;

- муайянкунии мувофиқати Суратҳисоб барои шумо;

- муайянкунии ҳуқуқи шумо барои истифодабарии Суратҳисоб;

- таҳия ва пешниҳоди Суратҳисоб ба шумо;

- пешниҳод кардани маҳсулот ва хизматрасониҳои дигари мо, ки аз ҷониби тарафҳои сеюми интихобгардида қабул мешаванд;

- риояи талаботҳои ҳуқуқӣ ва меъёрӣ; ва инчунин

- пешгирӣ ё ошкоркунии қаллобӣ ё фаъолияти ҷиноӣ ё идоракунӣ ва ба танзимдарории ҳама гуна талафоти воқеӣ ё эҳтимолӣ вобаста бо қаллобӣ ё фаъолияти ҷиноӣ.

3.5.2 Шумо инчунин барои фош кардани маълумот ба таҳвилгарони дигари хизматрасонӣ ба Tcell ва дигар таҳвилгарони хизматрасонӣ, ки барои пешниҳоди Суратҳисоб истифода бурда мешаванд, розӣ мешавед. Баъзе аз таҳвилгарони хизматрасонӣ метавонанд аз ҳудуди Тоҷикистон берун бошанд ва маълумоти шумо метавонад берун аз кишвар коркард шавад ва ба қонунҳои кишварҳои дигар итоат кунад.

3.5.3 АБМХ метавонад маълумоти шуморо то он лаҳзае, ки зарур аст, нигоҳ дорад, ҳатто агар шумо аллакай аз истифодабарии Суратҳисоб даст кашидед.

3.5.4. Шумо метавонед аз АБМХ дархост кунед, ки истифодабарӣ ва фошкунии маълумотро дар бораи шумо барои тарғиб кардани маҳсулот ва хизматрасониҳои АБМХ аз ҷониби тарафҳои сеюм, қатъ карда шавад ва барои ин шумо бояд бо шӯъбаи хизматрасонии муштариёни TezSum муроҷиат кунед. Дар баробари он, шумо наметавонед аз ҷамъ, истифодабарӣ ва фошкунии маълумоте, ки барои Хизматрасонӣ ва Суратҳисоб зарур аст ва тибқи қонунгузории дахлдор талаб карда мешаванд, даст кашед.

3.5.5 Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан ба сомонаи АБМХ ташриф оред: http://www.АБМХ.com.tj/en/



ҚИСМАТИ 4. ИСТИЛОҲҲО



4.1 ИСТИЛОҲҲО

Истилоҳҳои зерин ҳам ба Шартномаи хизматрасонӣ ва ҳам ба Шартномаи суратҳисоб дахл доранд.

«Суратҳисоб» маънои ҳисоби Ҳамёни мобилӣи TezSum-ро дорад

«Шартнома дар бораи Суратҳисоб» ин шартноме мебошад, ки байни шумо ва АБМХ дар мавзӯи пешниҳоди суратҳисоб, барои истифодабарии минбаъдаи он, баста мешавад. Он аз қисматҳои зерин иборат аст: муқаррарот ва шартҳои Қисмати 1, ки ба шумо ва АБМХ (чуноне, ки дар он қисмат пешбинӣ шудааст) дахл доранд; шартҳои Қисмати 3; Таснифот дар Қисмати 4; ва дастурамали истифодабаранда.

«Изофа» ба изофаи мобилии TezSum дахл дорад.

«БМТ» ин Бонки Миллии Тоҷикистон мебошад.

«Cash-In» (қабули пули нақд) - ворид гаштани маблағ ба Ҳамёни мобилӣ.

«Cash-Out» - пардохти нақдӣ аз Ҳамёни мобилӣ.

«Дебет» интиқоли маблағ аз Суратҳисоби шуморо дар назар дорад ва дар баробари ин, бақия дар Суратҳисоб кам мегардад.

«Истифодабарандаи ниҳоии Tcell» -шахси воқеие, ки Шартномаи мазкурро бо Tcell барои гирифтани хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар асоси пешпардохт ё обунашавӣ, бастааст.

«Tcell» ин ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ширкате, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва идораи он дар хиёбони Рудакӣ 34, ш.Душанбе, Тоҷикистон қарор дорад. Ширкати мазкур хизматрасониҳои алоқаро пешниҳод менамояд.

«Сабти бақайдгирии Tezsum" – ин сабти бақайдгири бо ҳифзи маълумот, ки дар АБМХ нигоҳ дошта шуда, ба номи истифодабарандаи ниҳоии Ҳамёни мобилии мувофиқ, мебошад.

«Агенти Ҳамёни мобилӣ» -ин шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, мебошад, ки аз ҷониби АБМХ барои пешниҳоди хизматрасонии Cash-In ((қабули пули нақдӣ) ва Cash-Out (пардохти нақдӣ) ва дар баъзе ҳолатҳо барои бақайдгирии истифодабарандагони ниҳоӣ дар барномаи зикршуда, ӯҳдадор гардидааст.

«Истифодабарандаи ниҳоӣ Ҳамёни мобилӣ» - ин истифодабарандаи ниҳоии Tcell, мебошад, ки сабти бақайдгириро дар Ҳамёни мобилӣ, кушод.

«Телефони мобилӣ» - ин сохти мобилӣ мебошад, ки шумо онро дар мувофиқ бо обунаи алоцаи мобили Tcell, барои иҷозат ба Сервис (Хизматрасонӣ) ва Сабти бақайдгирӣ, истифода мебаред.

«РМШ» - Рақами мушахасси шахсӣ» мебошад, ки шумо онро ба ҳайси рамзи махфӣ барои истифодаи Сервис ва Сабти бақайдгирӣ, интихоб менамоед.

«Шакли бақайдгирӣ» шакле мебошад, ки шумо бояд онро ҳангоми пешкаши ариза, пур намоед.

«Шартномаи хизматрасонӣ» - яъне Шартномаи байни шумо ва Ширкати Tcell оиди пешкаш ва истифодаи Хизматрасонӣ (Сервис), мебошад. Шартномаи номбурда аз: мавқеъ ва шартҳо Қисмати 1, ки байни шумо ва Tcell бо шартҳои зикршуда дар қисмати мазкур ҷоришаванда, Қисмати 2; Мавҳум дар қисмати 4 бошад Раҳнамои истифодабаранда, иборат мебошад.

«АБМХ» - Аввалин Бонки Молиявии Хурд, буда, дар мувофиқ бо қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, воқеъ дар суроғаи зерин мебошад. [суроға].

"SMS" хизматрасонии паёмҳои кӯтоҳ буда, аз матнҳои кӯтоҳе, ки ба телефони мобилии шумо, ирсол мегардад, иборат мебошад.

«ТОТ» маънои Андоз аз гардишро дорад.

«Барномаи Tcell Ҳамёни мобилӣ" – барномаи АБМХ ва ширкати Tcell мебошад, ки таҳки бренди Ҳамёни мобилии Tcell бароварда мешавад. Тавассути барномаи номбурда хизматрасониҳои мобилии молиявӣ ба истифодабарандаи ниҳоӣ Ҳамёни мобилӣ дар Тоҷикистон, пешкаш мешавад.

«Раҳнамои истифодабаранда» - ҳуҷҷате мебошад, ки Хизматрасонӣ ва Сабти бақайдгириро бо параметрҳои мутобиқ ва имкониятҳои функсионалии онро, тавсир менамояд.

«ААИ» маънои «Андоз аз арзиши иловаги»-ро дорад.

«Шумо» ва «Аз шумо» шахси ҳуқуқи ва воқеӣ, ки агенти Ҳамиёни мобилӣ буда, барои сабти бақайдгирӣ ва бадастовардани хизматрасониҳои мувофиқ, ба қайд гирифта шудааст.